Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузориҳо дар Бағдод 10 нафар кушта шуд


Мақомоти Ироқ мегӯянд, дар силсилаи бомбгузориҳо дар шаҳри Бағдод имрӯз дасти кам 10 нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шуданд. Дар маҳаллаи умдатан шиъанишини Ҳуррия як маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба қароргоҳи пулис равона кард ва 6 нафарро кушт ва 10 тани дигарро захмӣ кард. Дар маҳаллаи Карода дар ҷануби Бағдод, дар як чунин ҳамла се нафар кушта ва шаш тан захмӣ шуданд. Дар ғарби Бағдод бар асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда як ғайринизомӣ ҷон дод ва 5 нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG