Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ғуломи қонунам, агар фаҳмонанд, ки ҳукми ман дуруст буд"


Ғаффор Мирзоев,собиқ фармондеҳи Горди президентӣ (аз рост) бо иттифоқи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо афсарони Горди президентӣ.

Ғаффор Мирзоев,собиқ фармондеҳи Горди президентӣ (аз рост) бо иттифоқи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо афсарони Горди президентӣ.

Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентӣ, таҳдид ба гуруснанишинии бемӯҳлат кардааст.

Оиша Мирзоева, хоҳари бузурги ӯ, ки баъд аз мулоқот бо бародараш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, бародараш мехоҳад барои баррасии қазияи ӯ як комиссияи махсус дар ҳайати намояндагони додситониву додгоҳ ва дигар мақомоти масъул ташкил шавад: «Гуфт, ки ба додгоҳ муроҷиат кунед ва аз ман расонед, ки дар муддати як моҳ намояндаҳояшон бо намояндаи додситонӣ ва дастгоҳи президент, ҳар мақоми масъул, ки набошад, як комиссияи босалоҳият карда, биёянд, назди ман дароянд ва ба ман дуруст бифаҳмонанд. Агар ба ман дуруст фаҳмонда тавонанд, ки ҳукми ман дуруст буд, даст мебардорам, таслим мешавам ва менишинам дар ҳамин маҳбас. Ман ғуломи қонунам. Ҳеҷ вақт аз қонун рӯ нагардондаам. Аммо агар исбот накунанд ва дар муддати як моҳ наоянд, гуруснанишинии якумра эълон мекунам, то мурдан гуруснанишинӣ мекунам.»

Ғаффор Мирзоев ҳамчунин аз мақомот тақозо кардааст, ки мулоқоти ӯро бо вакили дифоъаш таъмин кунанд ва аз қазияи ӯ сарфи назар накунанд.

ГЕНЕРАЛ ДАР ЗИНДОН

Собиқ фармондеҳи Горди президентӣ ва раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикстон моҳи августи соли 2004 асосан бо ҷурми куштор боздошт шуда буд. Додситонии низомӣ ӯро дар содир кардани 104 ҷиноят аз рӯи 34 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам кард. Аммо дар ҷараёни таҳқиқ ва мурофиаи додгоҳӣ 11 ҷинояти ӯ бекор карда шуданд. Таҳқиқи парванда ва мурофиаи додгоҳии Ғаффор Мирзоев ҳудуди ду сол идома кард. Додситонӣ рӯи парванда мӯҳри комилан махфӣ гузошт ва мурофиа пушти дари баста гузашт.

11 августи соли 2006 додгоҳи Тоҷикистон Ғаффор Мирзоевро бо ҷурми куштор, ғасби қудрат тариқи ошӯби низомӣ, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти молиёт ва сӯистифода аз мақоми хидматӣ як умр зиндонӣ кард.

Баъд аз эълони моратория ба ҳукми қатл дар Тоҷикистон, ҳукми умрбод ҳадди ниҳоии ҷазо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. То ҳол маълум нест, ки чӣ теъдоде аз шаҳрвандони кишвар ҳукми абад гирифтаанд. Аммо қонунгузорӣ ин навъи муҷозотро дар ҷиноятҳои “аз ҳад вазнин” истифода мекунад.




Вакили дифоъи Ғаффор Мирзоев мегӯяд, куштори яке аз хешовандони Ризвон Содиров, фармондеҳи ИНОТ, Қаландар Ҳайдаров, раиси ҳукумати Шаҳринав ва Абдулло Мирзоев, сарвари шӯъбаи корҳои дохилаи ин ноҳия се иттиҳом алайҳи Ғаффор Мирзоев мебошанд, ки ба ҳукми якумраи ӯ сабаб шудаанд.

"ҶАЗО БОЯД ТИБҚИ ҚОНУНҲОИ ҶОРӢ БОШАД"

Бузургмеҳр Ёров гуфт, бар пояи моддаи 13 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазо бояд тибқи қонунҳои ҷорӣ эълон шавад, яъне вақте ба Ғаффор Мирзоев ҳукми абад эълон шуд, ки ин ҳукм дар қонунгузории Тоҷикистон набуд: «Агар дар вақти содир кардани ҷиноят ҷазо вазнин бошаду дар вақти таъинкунӣ ҷазо сабук шуда бошад, муқаррар кардани ҷазои вазнин мумкин нест. Президенти Тоҷикистон моҳи апрели соли 2004 дар парламент баромад карда, эълон дошт, ки ба ҳукми қатл мораторий эълон мекунем. Моҳи июни ҳамон сол ба Кодекси ҷиноӣ тағйиру иловаҳо ҳам ворид шуданд. Ғаффор Мирзоев моҳи августи соли 2004 дастгир шуд. Моҳи феврали соли 2005 дар Тоҷикистон ҳукми абад қонунӣ шуд. Аз ин хотир, Ғаффор Мирзоев дуруст масъалагузорӣ мекунад, яъне мегӯяд, ки шумо ҳақ надоштед ба ман ҳукми қатл эълон кунед, зеро моратория эълон шуда буд.»

Дар гузашта Ғаффор Мирзоев бо хоҳиши бознигарии парвандааш ба Маҷлиси намояндагон, Додгоҳи Олӣ, Додгоҳи конститутсионӣ ва Додситонии кулл бо чанд нома муроҷиат кардааст, аммо ба қавли хоҳараш, посухи қаноаъатбахш нагирифтаст.

"МИРЗОЕВ ҲАҚҚИ ШИКОЯТ КАРДАН ДОРАД"

Басбӣ Мирзоева, муовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфт, тибқи қонунгузории кишвар, шикояти назоратӣ бидуни маҳдудият қабул карда мешавад ва Ғаффор Мирзоев метавонад муроҷиат кунад: «Судя ин шикоятро гирифта, дар якҷоягӣ бо парванда меомӯзад. Агар судя дар парванда ягон камбудӣ пайдо кунад, онро ба суди марҳалаи назоратӣ ирсол мекунад. Коллегия дар ҳайати се нафар судяи касбӣ парвандаро баррасӣ мекунанд, хулосаашонро мебароранд ва таъйинот қабул мекунанд.»

ДАР ЯК ҲУҶРА БО "ҶИНОЯТКОРОНИ ВАЗНИН"

Ғаффор Мирзоев 5 сол ба ин сӯ дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлияи Тоҷикистон ба сар мебарад, ки ба назари вакили дифоъи ӯ ғайриқонунӣ аст. Ба қавли ӯ, генерал Ғаффор Мирзоев ҳамчун як фарди низомӣ бояд дар маҳбаси вижаи низомиён ва ҳуҷраи якнафара нигоҳ дошта шавад.

Оиша Мирзоева мегӯяд, бародараш аз он хавф дорад, ки дар як утоқи умумӣ ва ҳамроҳ бо ҷинояткорони вазнин – яке, собиқ размандаи иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, дигаре, узви Ҳизб – ут – таҳрир ва саввумӣ, қочоқбар, дуруст афроде, ки дар гузашта ҳамчун фармондеҳи Гвардияи президентӣ ва раиси Агентии назорати маводи нашъаовар алайҳашон мубориза мебурд, ба сар мебарад. Хонум Мирзоева мегӯяд, ки дар гузашта ба ҷони бародараш дар маҳбас сӯиқасд шудааст.

"АФВИ ТИЛЛОӢ" ВА ШИКОЯТИ ЯК ГЕНЕРАЛИ ДИГАР

Ёқуб Салимов

Ёқуб Салимов

Ҳафтаи гузашта наздикони генерали дигари маҳбус-Ёқуб Салимов низ аз нигаҳдории ғайриқонунии ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ шикоят карданд. Оиша Мирзоева мегӯяд, ахиран бародараш ду моҳ ҷароҳатҳои ҷангашро муолиҷа кардааст ва ҳоло аз рехтани дандонҳояш бим дорад, ки ҳамагӣ ларзон шудаанд.

Шикояти генералҳои маҳбуси Тоҷикистон дуруст баъд аз «авфи тиллоӣ» - и ахир бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон садо медиҳад. Бар пояи он, ҳукми афроди маҳкумшуда ба зиндони умрбод тағйир намеёбад. Аммо Оиша Мирзоева, хоҳарбузурги Ғаффор Мирзоевро он чӣ ба ҳайрат овардааст, ки нафарони мансуб ба Маҳмуд Худойбердиев мавриди авф қарор гирифтаанду аз мӯҳлати афсарони Горди президентӣ ҳамагӣ дусол кам шудааст.

Горди президентӣ таҳти фармондеҳии Ғаффор Мирзоев нерӯи аслии ҳукумати Тоҷикистон буд, ки соли 1997 исёни Маҳмуд Худойбердиевро дар Қӯрғонтеппаву Ҳисору Регар пахш кард ва аз ҳамлаи ӯ ба шимоли кишвар дар соли 1998 ҷилавгирӣ намуд. Ҳамроҳи Ғаффор Мирзоев 15 афсари ин горд низ зиндонӣ шуда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG