Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Клинтон ва сафорати Саудия роҷеъ ба сӯиқасд


Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон дар робита ба иттиҳомоти тарҳи суиқасд ба сафири Саудия дар Иёлоти Муттаҳида гуфт, он “убур аз хаттест, ки барояш Эрон бояд ба ҷавобгарӣ кашида” ва Теҳрон ба инизивои амиқи байнулмилалӣ афканда шавад. Вай гуфт: “Мо бо дӯстон ва коршариконамон дар саросари ҷаҳон машварат дорем, ки чӣ гуна метавонем паёми сахте диҳем, ки чунин аъмоли хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ бояд қатъ шавад.” Сафорати Арабистони Саудӣ дар Вошингтон дар изҳороте тарҳи гуфтамешудаи суиқасдро “манфур” ва нақзи “усули башарӣ” унвон кард.
XS
SM
MD
LG