Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши шадиди байнулмилалӣ ба ҳукми Тимошенко


Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Русия ҳукми 7 соли ҳабси сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенкоро шадидан танқид карданд. Иттиҳоди Аврупо гуфт, баъд аз ин бояд сиёсатҳои худро дар баробари Украина бозингарӣ кунад. Сарвазири Русия Владимир Путин гуфт, ин ҳукм ҳамкориҳои энержии кишвараш бо Украинаро халалдор мекунад. Аудрониус Аҷубалис-раиси давраии САҲА ва вазири корҳои хориҷии Литва низ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, баррасии шикояти Тимошенко бояд “шафоф ва одилона ва бино бар меъёрҳои баланд ҷараён ёфта, эътимоди мардуми Украинаро ба додгоҳ ва ҷомеаи байнулмилалӣ эҳё намояд.”
XS
SM
MD
LG