Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон иттиҳомоти Амрикоро "таблиғот" унвон кард


Расонаҳои Иёлоти Муттаҳида хабар медиҳанд, ки маъмурони амниятии ин кишвар талоши қатли сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико ва бомбгузории сафоратҳои Саудӣ ва Исроилро дар Иёлоти Муттаҳида хунсо кардаанд. Бино бар асноди додгоҳ, ки имрӯз мунташир шуд, Мансур Арбобсайр ва Ғулом Шакурӣ, ҳарду зодаи Эрон, ки шаҳрвандии Амрикоро гирифтаанд, ҳадаф доштанд, сафири Арабистони Саудӣ Абдул ал-Ҷубайрро бо василаи бомбгузорӣ ба ҳалокат расонанд ва сипас дар назди сафоратҳои Саудӣ ва Исроил дар Вошингтон таркишҳо анҷом диҳанд.
Ду эронӣ талош кардаанд, дар ин кор аз кӯмаки шабакаи мексикоии қочоқи маводи мухаддир истифода кунанд. Аммо шахсе, ки онҳо гумон доштанд, узви ин шабака аст, аслан ҷосуси хадамоти федерол буд.
Бино бар асноди додгоҳ Арбобсайр охири моҳи гузашта баъд аз боздошташ дар фурудгоҳи ба номи Ҷон Ф. Кеннедии Ню Йорк ба ҷурми худ иқрор кард. Шакурӣ, ки бино бар хабарҳо, узви гурӯҳи “Қудс”-и Эрон будааст, боздошт нашудааст ва ҷустуҷӯи ӯ идома дорад. Додситони кулли Иёлоти Муттаҳида Эрик Ҳолдер гуфт, Амрико дар робита ба ифшои тарҳ дар чанд соати оянда даст амалҳои иловагӣ хоҳад зад, аммо ин нақшаро ташхис накард. Эрон дафъатан ба иттиҳомот посух дод. Алиакбар Ҷавонфикр, мушовири умури матбуоти раисиҷумҳури Эрон, иттиҳомоти Иёлоти Муттаҳидаро “сенариои тарҳрезишудае барои мунҳариф кардани таваҷҷӯҳи ҷомеа аз мушкилоти дохилии Иёлоти Муттаҳида” номид.
Хабаргузории расмии Эрон ИРНА гуфт, иттиҳомот “сенариои нави таблиғоти Амрикост” зидди Эрон. Хабаргузории “Меҳр” навишт, иттиҳомот “хандаовар” аст.
XS
SM
MD
LG