Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъқиби гумонбарон дар Ӯш идома доштааст


Кенешбек Душебоев
Кенешбек Душебоев
Мақомоти Қирғизистон дар пайи амалиёти рӯзи 8 октябр дар рустои Наримон, воқеъ дар канори шаҳри Ӯш, ба таъқиби 8 нафари гумонбар ба терроризм идома медиҳанд. Кенешбек Душебоев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ҳадафи ин гурӯҳи мавсум ба Ҷиҳоди исломӣ ба ҳам задани назм дар Ӯш дар пешорӯи интихоботи рӯзи 30 октябри раёсати ин ҷумҳурӣ будааст. Рӯзи 8 октябр дар Наримон 10 нафар дастгир шуда, якеи дигар дар пайи талоши гаравгон гирифтани мусофирони як микроавтобус кушта шуд.
Душебоев гуфт, мақомоти амниятии кишварҳои ҳамҷаворро низ аз вуҷуди ин гурӯҳ дар ҷараён гузоштаанд. Ӯ гуфт, дар байни боздоштшудаҳо узбакҳову тоҷикҳо ва уйғурҳо ҳастанд, вале раҳбари гурӯҳ қирғиз будааст. Ӯ афзуд, аъзои ин гурӯҳ дар Афғонистону Покистон тамрин гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG