Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон шаҳрвандии Иванишвилиро бекор кард


Бидзина Иванишвилӣ

Бидзина Иванишвилӣ

Гурҷистон шаҳрвандии миллиардер Бидзина Иванишвилиро лағв кард ва ба ин васила аз азми ӯ ба таъсиси ҳизби сиёсӣ пешгирӣ кард. Ожонси сабтҳои иҷтимоии Гурҷистон гуфт, Иванишвилӣ шаҳрвандии Фаронсаро низ дорад ва ба ин далел аз шаҳрвандии Гурҷистон маҳрум мешавад. Иванишвилӣ аз бойтарин афроди Гурҷистон буда, маҷаллаи “Forbes” дороии ӯро 5,5 миллиард доллар ҳисоб кардааст.
Ӯ дар ҳафтаи гузашта эълон кард, ки мехоҳад ба хотири рақобат бо раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ дар интихоботи парлумонии соли оянда як ҳизби сиёсӣ ташкил диҳад.
XS
SM
MD
LG