Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёлатан дуввумин кони бузурги гази дунё будааст


Ширкати бритониёии “Gaffney, Cline and Associates” муҳосибаи дуввуми захоири кони гази Ёлатани ҷанубӣ ва як кони атрофаш дар Туркманистонро анҷом дода, гуфт, захираи гази он метавонад то 26 триллион метри мукаабро ташкил диҳад. Ҷим Ҷиллет аз ин ширкат имрӯз дар Ишқобод гуфт, кашфиёти охир дуввумин кони бузурги гази дунё будани Ёлатани ҷанубӣ, ё кони Усмонро тасдиқ мекунад. Бузургтарин кони дунё Форси ҷанубӣ дар халиҷ аст, ки байни Эрону Қатар тақсим шудааст. Ҷиллет гуфт, захоири ин ду кон ҳатто аз таъмини Русияву Эрону Чин ва Ҳинду Аврупо зиёдатӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG