Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози додситонӣ: "Пайравони Маҳмудро озод кунед!"


Бинои додситонии вилояти Хатлон

Бинои додситонии вилояти Хатлон

Додситонии Хатлон аз ҳукми додгоҳ нисбат ба 7 пайрави Маҳмуд Худойбердиев норизоиятӣ кардааст.

Моҳи сентябр додгоҳи вилояти Хатлон ҳафт сокини навоҳии Вахшу Румиро дар пайравӣ аз гурӯҳи сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам дониста, онҳоро барои 14 сол маҳкум ба зиндон карда буд.
Рӯшан нест, ки Додгоҳи олӣ кай ба баррасии эътирози додситонии Хатлон мепардозад...


Вале Шоҳрух Раҷабов, корманди масъули додситонии вилояти Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳ дар ҳоле содир шудааст, ки тибқи қонуни нави афв, муҳокимаи додгоҳии афроди муттаҳам қатъ гардида, онҳо бояд аз толори мурофиа озод карда мешуданд.

Полковник (сарҳанг)-и шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев

Полковник (сарҳанг)-и шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев

Ин ҳам дар ҳолест, ки зимни мурофиаи додгоҳӣ маҳз айбдоркунандаи давлатӣ аз додситонии Хатлон хоста буд, ки ин ҳафт нафари муттаҳам ҳар яке барои 16 сол равонаи зиндон карда шаванд. Ҷаноби Раҷабов дар шарҳи сабаби эътирози додситонӣ ба ҳукми додгоҳ гуфт: "Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳӣ вақте нутқи айбдоркуниашро ироа кард, ки ҳанӯз қонуни афв расман қабул нашуда ва мавриди иҷро қарор нагирифта буд. Барои ҳамин, он вақт 16 соли маҳрумият аз озодӣ пурсида будем аз додгоҳ. Аммо ҳукми суд баъд аз қабули қонуни афв эълон шуд ва додрас бояд талаботи қонуни навро ба инобат гирифта, айбдоршавандаҳоро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекард. Аз ин рӯ, мо ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, аз болои ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон эътироз овардем."

Тоҳир Ҳамзаев, додраси мурофиаи тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев, зимни эъломи ҳукм гуфта буд, ки талаботи қонуни афв нисбат ба муттаҳамон ба инобат гирифта шудааст ва мӯҳлати маҳрумияти онҳо аз озодӣ, тибқи ин қонун, 2 сол кӯтоҳ гардид. Саидҷаббор Алиев, вакили мудофеъи Умаралӣ Қурбонзода, яке аз ҳафт нафари муттаҳам, мегӯяд, дар таҷрибаи кори ӯ барои якумин бор аст, ки мақомоти додситонӣ хостори лағви ҳукми додгоҳи Хатлон шудааст.

АДВОКАТ: "ИНТИЗОРАШРО НАДОШТЕМ"

Вакили мудофеъ Саидҷабор Алиев

Вакили мудофеъ Саидҷабор Алиев

Вай аз эътирози овардаи додситонӣ истиқбол намуда, изҳори умедворӣ кард, ки нафарони муттаҳам ба зудтарин фурсат ба озодӣ хоҳанд расид: "Дар ҳақиқат, эътирози прокуратура маро дар ҳоли шок қарор дод. Ҳеҷ интизорашро надоштем, ки чунин мешавад. Одатан, судҳо хостаҳои прокуратураро бароварда месозанд ва хеле кам эътироз баён мекунанд. Аммо парадокс ин аст, ки прокуратураи Хатлон ҳарчанд маҳрумият аз озодии судшавандаҳоро тақозо мекард, баъд аз эълони ҳукми суд, қонуни афвро дуруст тафсир дода, дар пайи омӯзишҳои зиёд ба ин натиҷа расидааст, ки ҳукми додгоҳ ноодилона будааст. Агар Додгоҳи олӣ эътирози додситонии Хатлонро қонеъ гардонида, ҳукми суди Хатлонро бекор кунад, аз он истиқбол мекунем ва инро тантанаи адолат меҳисобем."

Дар банди 10-уми қонуни афв, ки ба истиқболи таҷлил аз бист соли истиқлоли Тоҷикистон эълон шуда буд, зикр шудааст, ки парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи шахсоне, ки дар исёнҳои мусаллаҳонаи солҳои 1997-1998 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд иштирок намудаанд, бояд қатъ карда шаванд.

ҲАДАФИ МАҚОМОТ ЧӢ БУД?

Сарҳанги адлия, ҳуқуқшинос Юсуфҷон Ҳусейнов мегӯяд, ҳадафи давлат аз афви иштирокдорони ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев дар поёни солҳои 90-ум, муҳайё кардани шароит барои баргаштани онҳо ба зиндагии осоишта ва ба ин восита, хунсо кардани як манбаи хатар ба амнияти кишвар мебошад.

Аммо ҳукми додгоҳи Хатлон алайҳи ҳафт нафар тарафдорони Худойбердиев, имкон дорад, ба иҷрои ин ҳадаф монеа шавад: "Ҳамон бачаҳое, ки шояд дар гузашта хато карда рафта буданд ҳамроҳи Маҳмуд Худойбердиев, аз беэҳтиётӣ буд, барқасдона буд, ё аз рӯйи тарс, ё чизи дигар. Ҳаминҳо ба ватани худашон, ба манзилҳояшон, назди фарзандону пайвандон баргашта омада тавонанд, зиндагии наву осоиштаеро шурӯъ кунанд – ҳамин буд мақсади давлат аз тасвиби қонуни афв."

ОЗОДИИ 98 ПАЙРАВИ ХУДОЙБЕРДИЕВ


Ҳанӯз маълум нест, ки додгоҳи олии кишвар кай ба баррасии эътирози додситонии Хатлон ба ҳукми додгоҳи минтақа алайҳи тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев мепардозад. Вале вакили мудофеъ Саидҷаббор Алиев мегӯяд, нафари зерҳимояти ӯ дар ҳоле интизори ҳукми додгоҳи таҷдиди назар аст, ки ниёзи шадид ба ҷарроҳӣ дорад. Ба иддаои вакили мудофеъ, вазъи сиҳҳатии Умаралӣ Қурбонзода, ки дар маҳкамаи тафтишотии шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешавад, сангин буда, шароити боздоштгоҳ барои муолиҷаи бемории ӯ мувофиқ нест.

Бар асоси иттилоъи вазорати адлияи Тоҷикистон, бо тасвиби қонуни афв, то имрӯз 98 нафар аз пайравони сарҳанги шӯришгар Худойбердиев, ки дар маҳбасҳо қарор доштанд, мавриди афв қарор гирифта, бахши аъзами онҳо аз зиндонҳо раҳо карда шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG