Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи "тоҷири марг" дар Ню-Йорк шурӯъ шуд


Виктор Бут (акс аз соли 2010)
Виктор Бут (акс аз соли 2010)
Дар Ню-Йорк мурофиаи Виктор Бут оғоз ёфт. Ин зодаи Душанбе ва афсари собиқи Артиши Шӯравиро бузургтарин қочоқбари аслиҳа дар ҷаҳон мехонанд ва дар Амрико ба ӯ «тоҷири марг» лақаб додаанд. Виктор Бут ба таъмини тарафҳои ҷанги Афғонистон ва чанд кишвари Африқо бо аслиҳа гумонбар шуда, дар Амрико ӯро ба фурӯши мушаку таслиҳот ба чирикиҳои Колумбия айбдор мекунанд. Ӯ ин иттиҳомро радд мекунад. Бут дар соли 2008 дар ҷараёни як амалиёти махфии Амрико дар Таиланд боздошт шуд. Боздошти Бут мояи таниш байни Русияву Амрико низ шудааст.
XS
SM
MD
LG