Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони қотилони Павлюк дар Қазоқистон


Алдаёр Усмонқулов - гумонбари асосӣ дар қатли Геннадий Павлюк

Алдаёр Усмонқулов - гумонбари асосӣ дар қатли Геннадий Павлюк

Додгоҳи Қазоқистон 3 нафарро бо ҷурми даст доштан дар қатли хабарнигори маъруфи қирғиз Геннадий Павлюк маҳкум ба зиндон кард. Шаҳрванди Қирғизистон - афсари собиқи амниятӣ Алдаёр Исмонқулов 17 сол ва ду шаҳрванди Қазоқистон – Алмос Игилиқов ва Шалқар Оразалин мутаносибан 10 ва 11 сол ҳукм гирифтанд.
Павлюкро моҳи декабри соли 2009 бо даступои баста аз як иморати баландошёна дар Алма-Ато ҳаво доданд. Павлюк дар Қирғизистон бо тахаллуси Рустам Иброҳимбек ва ҳамчун муассиси нашрияи «Белий пароход» маъруф буд. Пайвандон ва ёронаш аз оғоз мегуфтанд, ки ӯро ба маҳзи ҳимояташ аз мухолифин куштаанд.
XS
SM
MD
LG