Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Расонаҳои мустақилро "буғӣ" мекунанд (Бахши аввал)


Бахши аввали силсилаи мақолаҳо дар бораи фазои иттилоот ва хабарнигорӣ дар Русия.

Ахбори телевизиони Русия ба монанди даврони Шӯравӣ якранг шудааст. Аксаран ин гузоришҳо аз ширкати раҳбарони кишвар дар кушоиши муассисаҳои нав, сӯҳбатҳои раҳбарон бо пешвоёни кишварҳои хориҷӣ ва танқиду таҳқири зердастон дар мазҳари ом иборат ҳастанд.

Телевизиони ғайридавлатии НТВ-и Русия то соли 2000-ум яке аз мунтақидони асосии Кремл ба шумор мерафт, вале вақте Владимир Путин сарвазир таъйин шуд, ӯ молики НТВ, ба истилоҳ олигарх Гусинскийро муддате ба ҳабс гирифт. Дар ин байн ширкати давлатии "Газпром" НТВ-ро аз худ намуда, онро дар амал ба канали сеюми давлатӣ табдил дод.

Ҳамин гуна, телевизиони ғайридавлатии РЕН-ТВ зиёд барои ҳифзи истиқлолаш талош варзид, вале билохира маҷбур шуд, 60 дарсади саҳмияҳояшро ба як сарватманди соҳаи нафту филиз таслим намуда, аз чорчӯби муқаррарнамудаи ӯ берун нашавад.

ҲАМА ДАР ЗЕРИ ҚАНОТИ КРЕМЛ

Ба ақидаи коршиносон беш аз 80 дарсади аҳолии Русия ахборро аз талавизионҳои давлатӣ дастрас мекунанд ва аз ин рӯ, Кремл шабакаҳои телевизиониро зери қаноташ қарор додааст. Денис Волков, пажӯҳишгари Маркази омӯзиши афкори умуми Русия бо номи Левада, мегӯяд, мардум дар бораи ҷанҷолҳои байнулмилалии ин кишвар хабар надоранд, зеро телевизионҳо дар ин бора чизе намегӯянд. Волков қазияи марги вакили мудофеъ Сергей Матнитскийро мисол меорад, ки аз сабаби нарасонидани кӯмаки тиббӣ дар маҳбас ҳалок шудааст.

ҚАТЛИ ХАБАРНИГОРОНИ "НОВАЯ ГАЗЕТА"

Бо васфи чунин ҳол шореҳи Радиои Озодӣ Грегорӣ Фейфер рӯзномаи “Новая Газета”-ро ҳамчун намунаи мавҷудияти ошкорбаёнӣ дар Русия пеш меорад. Гузоришҳои таҳқиқотии ин нашрия ба вижа аз Чеченистон ва фасоди мансабдорон бисёриҳоро нороҳат кардааст. Аз соли 2003-юм ба ин тараф чор хабарнигори “Новая Газета” ба қатл расидаанд. Яке аз моликони “Новая Газета” сармоядор Александр Лебедев, ки ҳамроҳ бо раҳбари охирини Шӯравӣ Михаил Горбачев 49 дарсади саҳмияҳои нашрияро дар ихтиёр дорад, пешниҳод кард, ки ба хабарнигорони ин нашрия ҳаққи нигаҳдории силоҳ дода шавад, зеро давлат аз ӯҳдаи ҳимояи онҳо набаромадааст.

ЭҲТИЁҶ БА НАШРИЯҲОИ ОЗОД

Ҷои ёдоварист, ки 51 дарсади боқимондаи саҳмияҳои “Новая Газета” ба ҳайати таҳририяи ин нашрия тааллуқ дорад. Бо эътирофи нақши “Новая Газета”, баъзе шореҳон ишора мекунанд, ки он ҳамагӣ 200 ҳазор нусха чоп мешаваду асосан дар Маскаву Санкт-Петербург хонанда дорад.

Муовини муҳаррири “Новая Газета” Андрей Липский мегӯяд, "қаҳтии иттилоот" чунон бузург аст, ки ҳатто ҳокимони давр ба ин қабил нашрияҳои озод эҳтиёҷ доранд: “Ин як ҳоли зидду нақиз аст, вале ҳатто мақомот ба “Новая Газета” эҳтиёҷ доранд. Ҳадди ақал барои дарёфти як сарчашмаи маълумоти нороҳаткунандаи якдигар зарур аст.”

"КОММЕРСАНТ" ДИГАР ТАНҚИД НАМЕКУНАД?


Агар ақидаи Липский воқеият дошта бошад, сабаби мавҷудияти радиои “Эхо Москви” низ ҳамин аст. Ин радио ба Газпром марбут бошад ҳам, лаҳни танқидии худро дигар накардааст. Аммо рӯзномаи “Коммерсант” бо тағйири моликаш лаҳни танқидиро канор гузошт. Собиқ муҳаррири Коммерсант” Кирил Рогов мегӯяд, вақте сарватманд Борис Березовский молики ин нашрия буд, Кремл рӯи он нуфуз надошт, вале вақте бахши бузурги саҳмияҳо ба дасти сарватманд Алишер Усмонов гузашт, рӯзнома мустақилияташро аз даст дод.

Рогов меафзояд: “Рӯзнома бо як вазъи аҷоиб мустақил буд. На Кремл ва на молики он - Березовский рӯи “Коммерсант” контрол надоштанд. Вале вақте Усмонов онро аз Березовский харидорӣ кард, назорати кори рӯзнома ташкил шуд.”

КИШВАРЕ, КИ ХУД ОЗОД НЕСТ...


Рогов дар солҳои навадуми асри гузашта сомонаи маъруфи Полит.ру-ро ташкил кардааст. Ӯ мегӯяд, феълан дар Русия 40 миллион нафар ба интернет дастрасӣ доранд, вале ба ваҷҳи умум истифодабарандагони интернет шабакаи иттилоотиро на барои хабар, балки барои дарёфти маълумоти тафреҳӣ кор мегиранд.

Ӯ афзуд, дар кишваре, ки худ озод нест, матбуоти озод вуҷуд дошта наметавонад. Шореҳон ҳам бо ишора ба интихоботи парламентии моҳи декабр ва интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи март мегӯянд, вазъ зери назорати комили мақомоти Русия аст.
XS
SM
MD
LG