Пайвандҳои дастрасӣ

Тимошенко ба 7 соли зиндон маҳкум шуд


Тимошенко бо духтараш дар додгоҳ

Тимошенко бо духтараш дар додгоҳ

Додгоҳи Киев сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенкоро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Тимошенко ҳамин тавр, 3 соли дигар ҳаққи ишғоли мақомҳои давлатиро нахоҳад дошт. Қозии додгоҳи Киев Родион Киреев гуфт, имзои қарордоди 10-солаи газ бо Русия дар соли 2009 ба Украина хисороти зиёд овард ва ин кори Тимошенко ҷиноят буд. Бо ҳукми додгоҳ, Юлия Тимошенко муваззаф аст, наздики 190 миллион доллар зиёни овардаашро ба ширкати “Нафтогаз” пардохт кунад. Худи ӯ додгоҳашро натиҷаи интиқоми сиёсии раисиҷумҳур Виктор Янукович мешуморад.
Тимошенко дар посух ба ҳукми додгоҳ “режими худкома”-и Януковичро маҳкум кард ва гуфт, ба додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят хоҳад бурд. Раисиҷумҳур Янукович аммо гуфт, ин ҳукм “ниҳоӣ” нест. ИА аз ҳукми раҳбари мухолифини Украина изҳори “таассуфи амиқ” карда, Афви байналмилалӣ ҳукми Тимошенкоро сиёсӣ номид.
Тимошенко, аз раҳбарони “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004, дар интихоботи соли гузашта аз Янукович шикаст хӯрд. Ӯ аз 5 август дар боздошт қарор дорад.
ИА билофосила аз ин ҳукм изҳори “таассуфи амиқ” кард.Афви байналмилалӣ ҳукми зиндони Тимошенкоро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ номид.
XS
SM
MD
LG