Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Младич дар Ҳейг бистарӣ шудааст


Ратко Младис (Акс аз бойгонӣ)
Ратко Младис (Акс аз бойгонӣ)
Додгоҳи ҷиноёти ҷанги СММ таъйид кард, ки фармондеҳи собиқи сербҳои Босния Ратко Младич таҳти табобат қарор дорад. Вале додгоҳ иллати бистарӣ шудани Младичро нагуфт.
Қаблан вакили мудофеъи ӯ гуфт, Младич дар Ҳейг бо аломатҳои илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст. Младичи 69-сола баъди 16 соли фирор моҳи май дар Сербистон боздошт ва ба додгоҳи Ҳейг супурда шуд. Ӯ ба наслкушӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият дар солҳои ҷанги Босния айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG