Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо як ҳайъати 160-нафарӣ вориди Пекин шуд


Путин ва ҳамтои чиноияш Ҷибао
Путин ва ҳамтои чиноияш Ҷибао
Сарвазири Русия Владимир Путин бо як сафари дурӯза вориди Пекин шуд. Масоили энерживу тиҷорӣ аз мавзӯъҳои аслии музокироти Русияву Чин дар ин сафар номбар шуда, мақомоти Русия мегӯянд, ҳаҷми умумии қарордодҳое, ки бояд имзо шаванд, 7 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Путин, ки бо як ҳайъати иборат аз 160 нафар ба Чин омад, имрӯз бо ҳамтои чиноияш Вен Ҷибао ва фардо бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао мулоқот хоҳад кард. Як мавзӯъи умдаи дидорҳои ӯ нақшаи 30-солаи содироти гази Русия ба Чин аст.
XS
SM
MD
LG