Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон 372 825 тонна пахта ҷамъ овардааст


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон то имрӯз 372 825 тонна пахта ҷамъ овардаанд, ки 95,6 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзӣ, ки «Азия плюс» нашр кардааст, ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 132 000 тонна бештар буда, Тоҷикистон шояд то чанд рӯзи дигар нақшаи солонаро, ки 390 000 тонна аст, фатҳ кунад. Тоҷикистон соли гузашта барои бори аввал баъди касби истиқлол ба иҷрои нақшаи пахтачинӣ муваффақ шуда буд, вале бори аввал аст, ки ба иҷрои ин нақша дар моҳи октябр даст хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG