Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон имрӯз бо Ҷопон рақобат мекунад


Лаҳзае аз бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон
Лаҳзае аз бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон
Имрӯз тими миллии футболи Тоҷикистон дар шаҳри Осака бо мунтахаби Ҷопон вориди рақобат хоҳад шуд. Футболбозони тоҷик дар ду бозии аввал дар гурӯҳи С аз тимҳои Узбакистону Кореяи шимолӣ бо натиҷаи ҳамсони 0:1 шикаст хӯрданд. Тоҷикистонро дар Осака 19 футболбоз намояндагӣ мекунанд, ки 12 нафараш аз тими «Истиқлол»-и Рустами Эмомалист. Сармураббии тим Олимҷон Рафиқов, ки низ аз «Истиқлол» аст, бохт бо ҳисоби камтаринро беҳтарин натиҷа дар рақобат бо Ҷопон донистааст. Дар сурати бохт тими Тоҷикистон аз шонси роҳ ёфтан ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол -2014, ки дар Бразилия хоҳад гузашт, амалан маҳрум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG