Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ба таъхир афтод


Президенти Иттиҳоди Аврупо, Ҳерман Ван Ромпуй ҳамоиши сарони иттиҳодро, ки мебоист ҳафтаи оянда баргузор мешуд, ба далели ноомодагии ҷузъиёти тарҳи ҳифзи пули ягона ба таъвиқ гузошт. Мулоқоти сарони Иттиҳоди Аврупо, бино бар нақша 17 ва 18-уми октябр дар Бруссел баргузор мегашт. Аммо акнун ин нишаст қарор аст, рӯзи 23-юми октябр ҷараён гирад. Ромпуй дар изҳороте гуфтааст, санаи нав фурсат медиҳад, ки аъзои иттиҳод стратегияи фарогири минтақаи евро дар баробари бӯҳрони қарзро ниҳоӣ кунанд. Иттиҳоди Аврупо интизори натиҷаи аудит ё бозрасии вазъи молии Юнонанд ва ҳам ҳанӯз тарҳи ислоҳоти бонкииро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG