Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин омодагиҳо ба бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷопон


Имрӯз дар варзишгоҳи «Нагай»-и шаҳри Осакаи Ҷопон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо дастаи миллии Ҷопон бозӣ хоҳад кард. Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали сабқати интихобӣ дар майдони худ аз тими миллии Узбакистон ва дар сафар аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби якхелаи 0:1 мағлуб гашта буд. Он замоне ба бозиҳои интихобӣ баргашт, ки бо ҳисобҳои 1:2 ва 0:4 ба дасти Сурия бохта буд, аммо Федерсиюни байнулмилалии футбол Сурияро барои нақзи қоидаҳо аз сабқат хориҷ кард. Шореҳони ҷопонӣ дар интернет ҳадс мезананд, ки бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи Ҷопон ба поён хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG