Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоиза ба фаъолони зиндонии Минск, Остона ва Бишкек


Ҷоизаҳои Ҷашнвораи синемои «Як ҷаҳон» ба фаъолони зиндонии ҳуқуқи башар дар Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон тақдим шуданд. Ҷоизаи ҷасорат ба ҳомии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон Евгений Жовтис, дар Беларус Алес Бялятски ва Қирғизистон Азимҷон Аскаров дода шуд. Жовтис бо иттиҳоми қатли раҳгузар дар сонеҳа айбдор шуда, ба чаҳор соли ҳабс маҳкум шуд. Ин дар ҳолест, ки ибтидо вай бегуноҳ дониста шуд. Бунёдгузори маркази ҳуқуқи башари «Весна» дар Минск, Бялятски ба напардохтани андоз ва фаъоли узбактабори Уш, Азимҷон Аскаров ба ташкили хушунатҳои байниқавмии июни соли 2010 айбдор шуда, созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳабси онҳо ангезаи сиёсӣ дорад. Ҷашнвораи синемои «Як ҷаҳон» дар шаҳри Бишкек баргузор гашт.
XS
SM
MD
LG