Пайвандҳои дастрасӣ

Ситезаҷӯёни ал-Шабоб аз Могадишу ронда шудаанд


Иттиҳоди Африқо мегӯяд, ситезаҷӯёни исломгарои ал-Шабоб аз охирин пойгоҳашон дар шимоли Могадишу, пойтахти Сомалӣ ронда шуданд. Фармондеҳи нерӯҳои Иттиҳоди Африқо генерал Фред Мугиша гуфт, назорати кулли Могадшу ба дасти артиши ҳукумати Сомалӣ гузаштааст. Бино ба хабарҳо як сарбози Иттиҳоди Африқо ва ҳашт шаҳрванди осоишта дар ин ҷангҳо кушта шудаанд. Ал-Шабоб ҳамоно бахши умдае аз манотиқи ҷанубӣ ва марказии Сомалиро таҳти назорат дорад.
XS
SM
MD
LG