Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ дар бораи шиканҷаи маҳбусон дар Афғонистон


Зиндони Пуличархӣ дар канори Кобул
Зиндони Пуличархӣ дар канори Кобул
Гузориши СММ мегӯяд, боздоштшудагон дар 47 таъсисоти таҳти назари идороти пулис ва амнияти Афғонистон бо шевае бозпурсӣ мешаванд, ки қонунҳои байналмилалӣ ва ҳам қонунҳои Афғонистон шиканҷааш эътироф мекунад. Бино бар ин гузориши 74-саҳифаӣ, нисфи онҳое, ки идораи амнияти миллӣ боздошт мекунад, дучори шиканҷа мешаванд. Фисади боздоштшудагоне, ки дар пулис мавриди шиканҷа ё анвоъи дигари бераҳмиву бадрафторӣ қарор мегиранд, ҳудуди 35 фоиз баровард шудааст. Алайҳи маҳбусон дар Афғонистон аз зарбаи барқ, кандани нохун ва шеваҳои дигари шиканҷа кор мебурдаанд.
XS
SM
MD
LG