Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми Тимошенко рӯзи сешанбе эълон хоҳад шуд


Тимошенко дар додгоҳ

Интизор меравад, додгоҳи Киев рӯзи сешанбе ҳукми сарвазири собиқи Украина Юля Тимошенкоро эълон кунад. Додситонҳо Тимошенкоро ба сӯъиистифода аз мақом ба ҳангоми имзо кардани қарордоди газ бо Русия дар соли 2009 айбдор карда, аз додгоҳ барои ӯ 7 сол ҳукми зиндон хостаанд. Раҳбари мухолифин ин иттиҳомро радд карда, мегӯяд, рақибони сиёсиаш мехоҳанд ӯро ҷазо диҳанд. Амрико ва ИА низ ин додгоҳро сиёсӣ хонда, интиқод кардаанд. ИА ҳушдор дод, ки ҳукми Тимошенко метавонад бо баҳои ҳамоиши Украина бо ин созмони қораӣ тамом шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG