Пайвандҳои дастрасӣ

ИА имрӯз аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад даъват кард, қудратро канор гузорад. Нишасти вазирони хориҷаи ИА дар Люксембург дар як баёния аз Асад хост, “ба хотири кушодани роҳ ба давраи гузариши сиёсӣ канор равад". ИА ҳамчунин аз азмаш ба эъмоли таҳримоти нав алайҳи Сурия хабар дод. Бо ин ҳол, ба гуфтаи фаъолон, рӯзи якшанбе дар хушунатҳои Сурия беш аз 30 тан кушта шудаанд. Дидабони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, гуфт, 7 ғайринизомӣ дар Ҳумс – як маркази умдаи эътирозҳо алайҳи режими раисиҷумҳур Башор Асад ва 7 тани дигар дар шаҳрҳои дигар ҷон бохта, дар даргириҳо бо сарбозони фирорӣ 17 низомӣ ҳалок шуданд. ТВ Сурия гуфт, ин 17 маъмурро дар Ҳамо ва Ҳумсу Идлиб куштаанд. Ба ҳисоби СММ, то имрӯз дар натиҷаи саркӯбии эътирозҳо дар Сурия беш аз 2900 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG