Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Парвандаи Сангов дар додситонӣ. Ҳақ ба ҳақдор мерасад?


Сафаралӣ Сангов пас аз боздошташ аз сӯи маъмурони пулис чаҳор рӯз дар ҳоли беҳушӣ ба сар бурд...

Сафаралӣ Сангов пас аз боздошташ аз сӯи маъмурони пулис чаҳор рӯз дар ҳоли беҳушӣ ба сар бурд...

Парвандаи Сафаралӣ Сангов, ки ба гуфтаи наздиконаш бар асари латукӯби маъмурони пулис кушта шудааст, дубора ба додситонии шаҳри Душанбе фиристода шуд.

Мақомоти додгоҳи ноҳияи Сино аз додситонии шаҳри Душанбе хостаанд, ки парвандаи Сафаралӣ Санговро бозбинӣ карда, вуҷуди "баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" дар ин парвандаро таҳқиқ намоянд.
Парвандаи Сафаралӣ Сангов яке аз парвандаҳои пурсарусадо ва намунаи истифодаи зӯр дар баробари боздоштшудаҳо мебошад...

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи хонаводаи Сафаралӣ Сангов, мегӯяд, бо ин ки додгоҳ аз додситонӣ талаби исботи сабабҳои марги Сафаралӣ Санговро кардааст, гуфтан душвор аст, ки натиҷаи он чӣ хоҳад шуд.

Ин вакили мудофеъ гуфт: "Додситон "хунукназарӣ ҳангоми кор"-ро муқаррар кард, аммо баромадан аз ҳадди ваколати хидматиро не. Дар хулосаи ташхиси тиббӣ ва далелҳое, ки мо дорем, моддаи 316, яъне баромадан аз ҳадди ваколати хидматиро нишон медиҳад. Мо ҳам аз додгоҳ ҳамин ҳолатро талаб кардем. Додгоҳ низ хостори бозбинӣ дар тафтиши парванда шуд ва аз додситон талаб дорад, ки баромадан аз ҳадди ваколати хидматиро дида барояд."



Сарвиноз Сангова, ҳамсари марҳум Сангов

Сарвиноз Сангова, ҳамсари марҳум Сангов

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Сарвиноз, ҳамсари марҳум Сафаралӣ Сангов, қозии парванда дар мурофиаи ахири додгоҳӣ, ки бо иштироки хабарнигорон ва намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) баргузор шудааст, хулосаҳои додситонӣ ва ташхиси тиббиро нокифоя хондааст.

Ӯ афзуд, ҳамчунин бо пешниҳоди додгоҳ хулосаи такрории ташхиси тиббӣ гузаронида шуд, ки дар он ягон нафар шоҳидони ташхиси аввалӣ роҳ дода нашуданд ва хулосаи ташхиси тиббии дуввум хулосаи аввалиро инкор кард: "Дар ташхиси тиббӣ шоҳиди моро номнавис накарданд ва ҳолатҳои ташхиси аввалро, ки сабаби марг буд, инкор намуданд. Акнун парвандаро боз ба додситонии шаҳр фиристоданд."



Манобеи додситонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки воқеан парвандаи Сафаралӣ Санговро аз Додгоҳи ноҳияи Сино дарёфт ва ба пешниҳодҳои додгоҳ эътироз баён кардаанд. Аммо дар сӯҳбат ба мо аз ироаи ҷузъиёти ин эътирозашон худдорӣ намуданд.

Мурофиаи додгоҳии марги Сафаралӣ Санговро намояндагони васоити ахбори умум ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар назорат мекарданд...

Мурофиаи додгоҳии марги Сафаралӣ Санговро намояндагони васоити ахбори умум ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар назорат мекарданд...


Парвандаи Сафаралӣ Сангов, яке аз парвандаҳои пурсарусадо ва намунаи истифодаи зӯр дар баробари боздоштшудаҳо мебошад. Ҳатто чанде қабл созмонҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон зимни сафар ба Тоҷикистон ҷараёни боздошти Сангов ва ҳалокати мармузи ӯро аз хонаводааш пурсон шудаанд. Ин гурӯҳ сӯҳбати шоҳидони ҳодисаро наворбардорӣ кардаанд ва қарор аст, ки дар яке аз чорабиниҳои сатҳи байнулмилалӣ пиромуни ваҳъи ҳуқуқи инсон ва шиканҷа мавриди таҳлил қарор бигирад.

Сафаралӣ Сангов пас аз бозгашташ аз Русия ба соҳибкорӣ машғул будааст...

Сафаралӣ Сангов пас аз бозгашташ аз Русия ба соҳибкорӣ машғул будааст...

Сафаралӣ Сангов, дар моҳи феврали соли ҷорӣ, пас аз бозгашт аз Русия, бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба таври хушунатбор боздошт шуд. Баъди он ба Идораи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри интиқол ёфт ва худи ҳамон рӯз баъди чанд соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона оварда шуд.

Ӯ пас аз чаҳор рӯзи бистарӣ будан дар беморхона, бо ҳамон беҳушӣ дунёро падруд гуфт. Гуфта мешавад, агар қазияи Сафаралӣ Сангов ба таври одилона баррасӣ шавад ва гумонбаршудаҳо тибқи қонун ҷазо бигиранд, ин далеле хоҳад буд, ки мақомоти кишвар бо шиканҷаву зӯроварӣ дар боздоштгоҳҳо хотима медиҳанд. Вале агар қарори додгоҳ мунсифона набошад, ин ҳол ҷабрдидаҳои дигарро, ки қазияи Санговро ҷиддан пайгирӣ мекунанд, ноумед хоҳад кард.

Бо ин вуҷуд, ҳангоми муаррифии гузориши ҷониби Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар рӯзи севуми октябр, Шерхон Салимзода гуфт, дар тӯли соли 2010 ва ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 70 аризаи шикоятӣ дар бораи шиканҷа, лату кӯб ва бадрафтории сокинон ба унвонии додситонӣ ворид шудааст, ки аз ин теъдод 16 мавриди он исботи худро ёфтааст. Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, нисбат ба ин 16 мавриди шиканҷа ва бадрафтории сокинон парвандаҳои ҷиноӣ боз ва 12 парванда ба додгоҳ ирсол шуд, ки гуноҳкорон ҷазо гирифтанд.

Наздикони Сангов бовар доранд, ки маъмурони пулис нисбат ба ӯ хушунатро раво дидаанд. Иддаое, ки мақомоти умури дохилӣ онро рад кардаанд...

Наздикони Сангов бовар доранд, ки маъмурони пулис нисбат ба ӯ хушунатро раво дидаанд. Иддаое, ки мақомоти умури дохилӣ онро рад кардаанд...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG