Пайвандҳои дастрасӣ

Симин Борикзай васиятномаашро эълон кард


Симин Борикзай

Симин Борикзай

Симин Борикзай, узви собиқи парлумони Афғонистон, ки 9 рӯз боз ба нишони эътироз ба лағви узвияташ дар Вулусӣ Ҷирга дар иморати Шӯрои миллии Афғонистон даст ба гуруснанишинӣ задааст, имрӯз васиятномаашро эълон кард. Борикзай гуфт, агар бифавтад, ҷанозаашро дар ҳамин ҷое ки хайма задааст, ба хок супоранд. Ӯ, ки ба далели заъфи бадан бар асари гуруснанишинӣ бисёр ба сахтӣ сӯҳбат мекард, гуфт, алорағми ҳушдори табибон ба эътирози худ идома хоҳад дод.Хонум Борикзай аз шумули 9 вакили Вулусӣ Ҷирга аст, ки ваколаташонро куммиссиюни интихобот дар моҳи август бар пояи шикояти рақибони онҳо дар интихоботи соли гузашта лағв кард.
XS
SM
MD
LG