Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гурӯҳи тундрави Ҷиҳоди исломиро ба даст доштан дар хушунатҳои рӯзи 8 октябр дар шаҳри Ӯш айбдор кард. Раиси ин кумита Кенешбек Душебоев гуфт, дар амалиёти рӯзи шанбе дар рустои умдатан узбакнишини Наримон дар канори Ӯш 10 нафар, бо шумули узбакҳову қирғизҳо ва тоҷикҳо боздошт шудаанд. Як узви ин гурӯҳ дар пайи ба гаравгон гирифтани мусофирони як микроавтобус талош кард, вале аз сӯи нирӯҳои амниятӣ кушта шуд. Душебоев гуфт, дар ҷараёни амалиёт таслиҳот, аз ҷумла норинҷакҳои дастӣ, ва адабиёти ифротӣ мусодира шудааст. Сухангӯи пулис дар Ӯш гуфт, то имрӯз дар ҷануби Қирғизистон 20 нафар бо иттиҳоми терроризм дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG