Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз алайҳи боздошти волии Алобуқа


Дар ҷануби Қирғизистон ҳудуди 1000 тазоҳургар бо талаби раҳоии волии ноҳияи Алобуқаи вилояти Ҷалолобод роҳҳои вуруд ба як идораи давлатиро бастанд. Улан Боймирзоев бо иттиҳоми ришвахоҳӣ дар поёни ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ӯш дастгир шуд. Эътирозгарон дар Алобуқа аммо ба ин иттиҳомот бовар надоранд ва мегӯянд, волии онҳоро бо далоили сиёсӣ боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG