Пайвандҳои дастрасӣ

ИА таҳримоти зидди Эронро низ шадидтар кард


ИА дар посух ба идомаи саркӯбии мухолифин ва нақзи ҳуқуқи башар таҳримоташ алайҳи Эронро шадидтар кард. Нишасти имрӯзаи вузарои хориҷаи ИА дар Люксембург қаблан таҳримот алайҳи Беларусро то як соли дигар тамдид карда, ба рӯйхати сиёҳи иборат аз 192 мақоми Беларус боз 16 нафари дигарро афзуд. Ба айни рӯйхати сиёҳи Эрон 29 тани дигар шомил шуд, ки ҷамъи афроди эронии таҳти таҳримоти ИА-ро ба 61 нафар мерасонад. Ин афрод аз раводиди сафар ба ИА маҳрум буда, суратҳисобҳои бонкиашон низ дар ин қора масдуд хоҳанд шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG