Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқод аз шеваи амалиёти ахири зиддитеррор дар Ӯш


Як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ дар Қирғизистон амалиёти зиддитеррори рӯзи шанбе дар Ӯшро интиқод кард. Равшан Ғафуров аз созмони «Адолати воқеъӣ» гуфт, маъмулан ҳуқуқи мардум дар рафти чунин амалиётҳо нақз шуда, онҳо метарсанд, ки боздошту латукӯб ва ҳатто шиканҷаву ғорат хоҳанд шуд. Пулис рӯзи 8 октябр гуфт, дар Ӯш як нафари гумонбар ба ифротгароии мазҳабиро, ки як микробавтобусро бо 15 мусофир дар канори Ӯш гаравгон гирифта буд, куштаанд. Ин нафар, ки фақат исми аввалаш – Муҳаммад – оварда мешавад, аз рустои умдатан узбакнишини Наримон дар наздикии Ӯш будааст.
XS
SM
MD
LG