Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони боз 4 мухолиф дар Озарбойҷон


Орзуманд Маҷидлӣ, падари Элнур Маҷидлӣ

Орзуманд Маҷидлӣ, падари Элнур Маҷидлӣ

Имрӯз 4 фаъоли озарӣ бо ҷурми ширкат дар як эътирози 6 моҳи қабл, ки пулис парокандааш карда буд, ҳукми зиндон гирифтанд. Аҳмад Мамадлӣ ва Улвӣ Қулиев аз ҳизби мухолифи Мусовот ба 3 соли зиндон, Элнур Маҷидлӣ аз Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон ба 2 сол ва узви дигари Мусовот Рифъат Ҳоҷибойлӣ ба якуним соли зиндон маҳкум шуданд. Ин афрод бахши охир аз 14 нафареянд, ки дар иртикоби эътирози рӯзи 12 апрел бо ҷурми нақзи тартибот ва муқовимат ба мақомот маҳкум шуданд. Аз ин шумор ба истиснои як нафар, бақия ба муҳлати аз якуним то 3 сол равонаи зиндон шуданд.
Эълони ҳукми ин 4 нафарро издиҳом бо шиорҳои “Озодӣ!” ва “Истеъфо!” истиқбол кард. Вакили мудофеъи яке аз маҳкумин гуфт, онҳо ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG