Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА хостори раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов шуд


Дуня Миятович мегӯяд, се бор аз мақомоти Тоҷикистон хостори расидагӣ ба парвандаи Исмоилов шудааст, аммо то кунун посухе нагирифтааст.
Дуня Миятович мегӯяд, се бор аз мақомоти Тоҷикистон хостори расидагӣ ба парвандаи Исмоилов шудааст, аммо то кунун посухе нагирифтааст.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, мақомот бояд Муҳаммадюсуф Исмоиловро фавран озод намоянд.

Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, боздошт ва парвандаи Исмоиловро натиҷаи фаъолияти хабарнигории ӯ унвон кард.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи маҳалии "Нури зиндагӣ" дар шимоли Тоҷикистон, аз 23 ноябри соли 2010 ба ин тараф дар боздоштгоҳи ноҳияи Ашт ва шаҳри Хуҷанд зиндонӣ аст.

Ӯ ба тӯҳмат ва таҳқири мақомоти расмӣ, тамаъҷӯӣ ва барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи додситонӣ, Исмоилов бахши умдаи ин ҷурмҳоро моҳи августи соли 2010 содир кардааст. Замоне ки ин хабарнигори тоҷик дар нашрияи "Нури зиндагӣ" фаъолият мекард ва силсиламақолаҳоеро дар бораи фаъолияти додситонӣ ва дигар мақомдорони ноҳияи Ашт ба нашр расонида буд.

"Агар Тоҷикистон ҳар хабарнигорро барои танқиди мақомот ба муддати тӯлонӣ дар боздоштгоҳ нигоҳ дорад ва ё ба зиндон афканад, пас, ин кишвар ба хатари саркӯб кардани афкори умум рӯ ба рӯ аст",-таъкид намудааст Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот.

Намояндаи Созмони Амният ваҲамкории Аврупо бо танқиди фишори мақомот ба хабарнигори "Нури зиндагӣ" ҳамчунин гуфт, "Зиндонӣ шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов оқибати хуб надорад ва ин ҳама муддат дар боздоштгоҳ нигаҳ доштани журналист ба хабарнигорони тоҷик пайғоми таҳдидомез медиҳад."

Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот мегӯяд, се бор аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба қазияи Исмоилов расидагӣ кунанд. Аммо то ҳол ҳеҷ посухе дарёфт накардаст. Қарор аст, Миятович масъалаи Муҳаммадюсуф Исмоилов ва ҳамчунин қазияи хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ Урунбой Усмоновро дар як сафари қарибулвуқӯъяш ба Тоҷикистон бо мақомот баррасӣ кунад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нурӣ Зиндагӣ”, 11 моҳ пеш дар ноҳияи Ашт боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд ба сар мебарад. Рӯзи севуми октябри имсол бояд додгоҳ ҳукми худро дар баробари ин хабарнигори тоҷик, ки тибқи чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад, эълон мекард. Аммо ба далели маризии ёвари қозии парванда ин ҳукм то ҳанӯз эълон нашудааст.

Бо ин вуҷуд, талаби ҳабси дарозмуддати Исмоилов (14 сол) созмонҳои журналистӣ ва ҳамкасбони ӯро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз кишвар такон додааст. Яке паси дигар ду созмони бонуфузи байнулмилалӣ, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ ) аз Ню-Йорк ва Гузоришгарони бидуни марз (RSF) аз Порис аз муҳокимаи хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳ ва дархости ҳабси дарозмуддати ӯ башиддат ибрози нигаронӣ карданд.

RSF дар изҳороте, ки рӯзи 30-юми сентябр пахш кард, гуфт, “муҳокимаи Исмоилов танҳо ба хотири ниқор гирифтан аст, на бештар аз ин.” Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, қароргоҳаш дар Ню Йорк низ муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум кард ва гуфт, "мақомоти Тоҷикистон аз ин роҳ мехоҳанд, хабарнигорони тоҷикро битарсонанд."
XS
SM
MD
LG