Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон қарордодаш бо "Газпром"-ро лағв кард


Эрон қарордодаш бо «Газпромнефт» дар мавриди баҳрабардорӣ аз кони нафти Озарро ба далели «таъхирҳои мукаррар» аз сӯи ширкати русӣ лағв кардааст. Раҳбари ширкати миллии нафти Эрон Аҳмад Қолибонӣ гуфт, онҳо чандин бор «Газпромнефт»-ро ҳушдор додаанд, ки ба иҷрои қарордод шурӯъ кунад, вале ин ҳушдорҳо шунида нашуд. Қарордоди кони Озар бо «Газпром» соли 2009 имзо шуда буд. Захираи нафти ин кони воқеъ дар ҳарду ҷониби марзи Эрону Ироқ ҳудуди 2 миллиард бушка баровард шуда, бовар меравад, ки 40 дарсади ин захира дар ҷониби Эрон аст. Қолибонӣ гуфт, саҳми «Газпром»-ро дар Озар ширкатҳои Эрон метавонанд бигиранд.
XS
SM
MD
LG