Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати САҲА ба раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов


Дуня Миятович

Дуня Миятович

Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот тақозои 16 соли зиндон ба хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум кард. Дуня Миятович аз мақомоти Тоҷикистон хост, "тамоми иттиҳомот алайҳи Исмоиловро, ки натиҷаи фаъолияти касбии журналистии ӯст, лағв ва ӯро билофосила раҳо кунад." Исмоилов, ки барои нашрияи мустақили «Нури зиндагӣ» гузориш медод, дар пайи нашри як мақолаи интиқодӣ дар бораи фаъолияти мақомоти раҳбарии ноҳияи Ашт аз 23 ноябр бо иттиҳоми туҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ дар боздошт қарор дорад. Хонум Миятович гуфт, қазияи Исмоиловро зимни сафараш ба Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар матраҳ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG