Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии ҳизби Туск дар интихоботи Лаҳистон


Доналд Туск

Доналд Туск

Доналд Туск зоҳиран нахустин сарвазири Лаҳистон дар пайи суқути коммунизм дар соли 1989 хоҳад шуд, ки ба давраи дуввуми раёсат даст хоҳад ёфт. Ҳизби марказгарои Платформаи шаҳрвандии Туск бо касби 39 дарсади оро дар интихоботи 9 октябр пешсаф аст. Бар пояи шумориши 93 дарсад оро, ҳизби мухолифи Қонун ва Адолати Ярослав Качинскӣ зери 30 дарсад раъй ба даст овардааст. Натоиҷи ниҳоии раъйгирӣ фардо эълон хоҳанд шуд, вале Туск алакай даъвои пирӯзӣ карда, Качинский низ шикасташро дар интихобот эътироф кардааст.
XS
SM
MD
LG