Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти муҳими ИА дар Люксембург


Интизор меравад, вазирони хориҷаи ИА имрӯз ба далели идомаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Эрону Беларус таҳримот алайҳи афроди наздик ба режимҳои ҳоким дар ин ду кишварро шадидтар кунанд. Дар нишасти Люксембург шумори афроди эронии таҳти таҳримоти ИА, ки феълан 32 нафар аст, то 2 маротиба афзоиш ёфта, бар иловаи 192 мақоми беларусие, ки аз ҳаққи раводиди сафар ба ИА маҳрум шудаанд, боз чанд мақоми дигари Минск низ ба ин рӯйхати сиёҳ шомил хоҳанд шуд. Таҳримоти ИА алайҳи Беларус, ки дар поёни моҳи октябр ба поён мерасад, ғолибан боз то як соли дигар тамдид шуда, дар Люксембург вокунишҳои мухталифи аъзои ИА ба пайомадҳои додгоҳи сарвазири собиқи Украина Юля Тимошенкоро низ баҳс хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG