Пайвандҳои дастрасӣ

Даъват ба оромӣ дар пайи хушунатҳои дирӯзаи Миср


Сарвазири Миср дар пайи хушунатҳои хунини дирӯза, ки дастикам 24 кушта ва беш аз 200 захмӣ ба ҷо гузошт, ҳамаро ба оромӣ даъват кард. Исом Шараф дар як паёми телевизионӣ гуфт: «Ин ҳаводис моро ба қафо бурда, рӯи ояндаи кишвар тухми тарсу ваҳм мекорад. Мо акнун нигаронем ки оё кадом дасти пинҳони дохилӣ ё хориҷӣ дар роҳи сохтани демократия дар Миср мониа эҷод мекунад.»
Даргириҳо байни масеҳиёни қипт ва мусалмонҳои тундраву нирӯҳои амниятӣ хунинтарин хушунат дар Миср баъд аз барканории раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврал маҳсуб мешавад. Дар Қоҳира аз шаб қуюди шабгардӣ ҷорӣ шуда, кобинаи вазирон имрӯз авзоъро дар як нишасти изтирорӣ баҳс хоҳад кард.
Қиптҳо, ки қариб 10 дарсад аз 80 миллион ҷамъияти Мисрро ташкил медиҳанд, алайҳи ҳамла ба калисояшон эътироз мекарданд. Танишҳо байни қиптҳову мусалмонҳо аз ошӯбҳои моҳи феврал ба ин сӯ афзоиш ёфтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG