Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ: "Раиси идораи дини Хатлон дар боздоштгоҳ аст"


Бобохон Шарбатов, раиси Кумитаи дини вилояти Хатлон (Акс аз бойгонӣ)
Бобохон Шарбатов, раиси Кумитаи дини вилояти Хатлон (Акс аз бойгонӣ)

Бобохон Шарбатов, раиси Идораи умури дини вилояти Хатлон, бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст

Бобохон Шарбатов дар содир шудани ҷинояти коррупсионӣ ва тақаллубкорӣ муттаҳам дониста мешавад. Тибқи иттилои мақомоти додситонии вилояти Хатлон, ҳоло алайҳи раиси кумитаи умури дин дар
ҳукумати Хатлон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, муффаттишони идораи минтақаии амнияти миллӣ ба таҳқиқи он машғуланд.
Хуб мешуд, Кумитаи умури дин бо таваҷҷӯҳ ба дархостҳои афзуни шаҳрвандон, квотаи бештареро барои сафари ҳаҷ дарёфт кунад...


Манбаъ аз додситонии Хатлон аз ироаи ҷузъиёти дигари боздошт ва парвандаи ҷаноби Шарбатов ба хотири халал наёфтани сирри тафтишот худдорӣ кард, аммо гуфт, ҳоло ин мансабдор дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Масъулони идораи умури дини Хатлон аз ҳар гуна шарҳу сӯҳбат дар мавриди дастгир шудани раиси ин ниҳод худдорӣ мекунанд. Боздошти мақоми баландпояи кумитаи умури дин дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки бархе аз озимони ҳаҷ ва таҳлилгарони маҳаллӣ аз мавридҳои талаби ришват барои таҳияи асноди довталабони зиёрати хонаи Каъба сухан меронанд.

АЗ "ТАҒА" ТО "ШАПКА"

Юсуф Маҳмадов
Юсуф Маҳмадов
Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии "Рушд", бо таъкид ба ин нукта гуфт, бар изофаи пардохти 3448 доллари амрикоӣ -- сафархарҷии расмӣ, дар баъзе маврид масъулони маъракаи сафарбарӣ ба ҳаҷ аз довталабони квотаи зиёрати Каъба ба ҳисоби миёна аз 300 то 700 доллар маблағи ғайрирасмӣ мегирифтаанд: "Вақте ҷараёни сафарбарӣ шаффоф нест, вақте ки рӯйхатҳо метавонанд ҳар лаҳза, бо хоҳиши одамони муайян, тағйир ёбанд, албатта, ин ҷо порагирӣ ҳаст. Ба кадом шаҳру ноҳияе, ки меравем, айнан ҳамин гап ҳаст, ки иловагӣ пул мегиранд, ба қавле "шапка" мемонанд, бемалол. Ин ки масалан, Шарбатовро боздошт кардаанд, фикр намекунам, ки илоҷи кор ҳамин бошад, ё вазъият беҳтар шавад."

"ХАРИДУ ФУРӮШ"-И РОҲХАТҲО


Ҷаноби Маҳмадов афзуд, ҳарчанд солҳои ахир маъракаи сафарбарӣ ба ҳаҷ то ҷое танзиму тамиз шуд, аммо ҳамоно дарёфти роҳхат ба зиёрати хонаи Каъба мушкил ба назар мерасад. Ба гуфтаи ӯ, рӯйхати довталабони роҳхати ҳаҷ ба ҳадде тӯлонӣ будааст, ки навбати баъзеҳо танҳо дар соли 2013 мерасад. Биноан, мавридҳои "хариду фурӯш" шудани роҳхатҳо низ ба чашм мехӯрад. Имсол дар назар аст, ки беш аз якуним ҳазор сокини вилояти Хатлон ба зиёрати хонаи Каъба шарафёб шавад. Дар маҷмӯъ, аз Тоҷикистон 5 500 нафар барои зиёрати хонаи Каъба мераванд.

"ПОРА ҲАРОМ АСТ..."

Қамариддин Афзалӣ
Қамариддин Афзалӣ
Дар ҳамин ҳол, Қамариддин Афзалӣ, раиси созмони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хатлон, мегӯяд, аз бархе аъзои ин ҳизб ва шаҳрвандоне, ки довталаби сафари ҳаҷ будаанд, шикоятҳо расидааст, ки тақсимоти роҳхатҳо ба зиёрати хонаи Каъба ғайриодилона ва гоҳе омехта ба фасод сурат гирифтааст. Аммо ба қавли ҷаноби Афзалӣ, ҲНИТ аз тамоми шаҳрвандон даъват кардааст, ба ҳеҷ сурат ба дарёфти роҳхати ҳаҷ тавассути додани ришва талош наварзанд.

Ин масъули ҲНИТ афзуд: "Пора додан худаш ҳаром аст. Агар шумо пора медиҳед, мақсад, ки аз 10-12 нафари довталаби дар рӯйхатбуда пеш гузаред. Вақте ин кор шуд, он нафар дар изо мемонад, маъюс мешавад, ки ин амал ҳаром аст. Бо кори ҳаром феъли як амали муқаддаси исломиро анҷом додан он қадар кори хубе нест. Мо ҳамин хел мавқеъ ва тавсияамонро эълон кардем дар минтақа."

Ба иддаои Қамариддин Афзалӣ, аз нигоҳи дини мубини ислом, дар сурати тавассути ришва ба даст овардани роҳхати зиёрати хонаи Каъба, қабули ҳаҷҷи зоирон зери суол меравад ва макрӯҳ хонда мешавад.

ҚУРЪАКАШӢ БАРОИ ҲАҶ?

Аммо таҳлилгари маҳаллӣ Қаландар Садриддинзода бар ин назар аст, ки дар бештари маврид дастрасӣ ба квотаҳои сафари ҳаҷ бидуни пардохти ришваю ба миён андохтани хешу табори ба истилоҳ, "қудратманд", берун аз имкон менамояд. Вай гуфт, давлат барои танзими дурусти маъракаи сафарбарӣ ба ҳаҷ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад, аммо ҳанӯз ҳам дар таъмини адолат миёни довталабони зиёрати хонаи Каъба оҷизӣ мекашад.

Қаландар Садриддинзода
Қаландар Садриддинзода
Вай гуфт: "Лозим аст, барои маросими ҳаҷ, ки мувофиқи шариат, қуръа ё қуръапартоӣ дуруст аст, бисёр кори савоб ҳам ҳаст. Чунки агар ба ҳар як ноҳия, фаразан, 100 квота ҷудо шуда бошад, то 500 ариза барои сафари ҳаҷ мерасад ба шӯъбаҳои умури дин. Барои ин ки адолат таъмин шавад, норозигӣ ва нофаҳмиҳо ба миён наояд, бояд ҳама аризаҳо ба лифофаҳо андохта шуда, қуръакашӣ доир шавад. Дар ин сурат, аз корупсияву ришватситонӣ ҳам ҷилавгирӣ кардан мумкин. Албатта, хуб мешуд, ки Кумитаи оид ба корҳои дини ҷумҳурӣ ҳам бо таваҷҷӯҳ ба дархостҳои афзуни шаҳрвандон, квотаи бештареро барои сафари ҳаҷ дарёфт кунад ва талаботи мардумро қонеъ карда тавонад."

КУМИТАИ ДИН - ТАНҲО ТАЪМИНКУНАНДАИ САФАРИ ҲАҶ


Бо ин ҳол, Кумитаи умури дини Тоҷикистон, ниҳоди расмии нозир бар фаъолиятҳои динӣ, тақрибан даҳ сол аст, ки сафари зоирон ба ҳаҷро таъмин мекунад ва ширкатҳои хусусии сайёҳиро аз ин ҳуқуқ маҳрум кардааст. Дар солҳои 90-ум мардум аксаран аз тариқи роҳҳои заминӣ ва бо кӯмаки ширкатҳои сайёҳӣ ба Арабистони Саудӣ роҳ меёфтанд.

Боздошти масъули идораи умури дини вилояти Хатлон дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки чанд рӯз қабл кормандони Ожонсии зиддифасоди Тоҷикистон бо кормандони ин идора дидору гуфтугӯ анҷом додаанд.
Дар соли гузашта муовини раиси ноҳияи Ҷомӣ ва масъулони бахшҳои умури дин дар баъзе навоҳии вилояти Хатлон маҳз ба хотири тақаллубкорӣ ё ришваситонӣ зимни ташкили маъракаи сафарбарӣ ба ҳаҷ ба муҷозоти гуногун кашида шуданд.
XS
SM
MD
LG