Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти тими Тоҷикистон дар рақобат бо Узбакистон


Тими футболбозони навраси то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии охиринаш дар сабқати интихоботии қаҳрамонии футболи Осиё дар Тошканд аз тими Узбакистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ду тӯби аввалро дар қисми якуми бозӣ футболбозони узбак Музаффар Исмоилов ва Муҳиддин Одилов заданд. Бобомирзо Баротов дар дақиқаи 52-юм як тӯби ҷавобӣ зад. Ба ин тартиб, аз гурӯҳи С Узбакистону Ҳинд ба марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки соли 2012 хоҳад гузашт, роҳхат гирифтанд.
XS
SM
MD
LG