Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи будҷа дар парлумони Тоҷикистон


Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз баъди баррасӣ тарҳи будҷаи давлатӣ барои соли 2012-ро барои муҳокимаи баъдӣ ба кумитаҳои маҷлиси поёнии парлумон ироа кард. Ҳукумати Тоҷикистон ин тарҳро рӯзи 30 сентябр тасвиб карда буд. Қисми дахли будҷаи кишвар барои соли оянда 10 миллиарду 160 миллион ва қисми харҷаш 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ муқаррар шуда, касри будҷа 180 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда 7 дарсад ва мизони таваррум 10,5 фоиз пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG