Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси кумитаи дини вилояти Хатлон боздошт шуд


Бобохон Шарбатов

Бобохон Шарбатов

Мақомоти амниятии вилояти Хатлон раиси Кумитаи дини ин вилоят Бобохон Шарбатовро бо иттиҳоми қаллобӣ ва авбошӣ дастгир кардаанд. Бобохон Шарбатов ба гирифтани ришва аз довталабони сафари Ҳаҷ муттаҳам мешавад. Ҳазинаи сафари як нафар ба Маккаву Мадина имсол ҳудуди 3500 доллар таъйин шудааст, вале, ба гуфтаи мақомот, ин масъули кумитаи дин аз муддаиён пули бештар талаб мекард. Қарор аст, имсол аз Тоҷикистон 5500 нафар сафари хонаи Худо кунанд. Танҳо аз вилояти Хатлон имсол 1500 нафар барои анҷоми ин фариза озими Арабистони Саудӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG