Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдон ва вакили мудофеи шинохтаи тоҷик, ба бештар аз 100 суоли корбарони торнамои "Озодӣ" посух гуфт.

Ӯ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 1986 Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскавро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 1995 то кунун ба ҳайси адвокат ё вакили мудофеъ фаъолият дорад.

Хонум Воҳидова дар баҳси чандин парвандаҳои пурсару садо, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 1997, парвандаи Содиқ Муҳаммадохунов, мулаққаб ба "Сачан" (раҳбари корхонаи пахтаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аз фармондеҳони шинохтаи собиқи Фронти Халқӣ буд), қатли раиси бозори ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва чандин парвандаи тарафдорони сарҳанги шӯришӣ - Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамчунин гурӯҳи Ҳизби Таҳрир иштирок кардааст.

Вай ҳоло вакили мудофеи Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакиии радиои Би-би-сӣ аст, ки баррасии парвандааш анҷом шуда, қарор аст рӯзҳои наздик Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳукми ӯро эълон кунад.

Файзинисо Воҳидова узви Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон - "Сипар" аст. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG