Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср: Даҳҳо кушта ва захмӣ дар даргириҳо миёни масеҳиёну артиш


Даргирӣ миёни қибтиҳо, нерӯҳои пулис ва артиш дар пойтахти Миср даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Куштаҳо аз миёни нерӯҳои амниятиву пулис ва ҳам аз миёни мӯътаризони масеҳӣ ҳастанд. Бо идомаи ин даргириҳо, шумораи қурбониён рӯ ба афзоиш аст. Исом Шараф, нахуствазири муваққати Миср даргириҳои Қоҳираро тавтиае алайҳи кишвараш тавсиф кард.

Даргирӣ пас аз он оғоз шуд, ки шомгоҳи якшанбе пулис қасди пароканда кардани садҳо тазоҳуркунандаи қибтӣ (масеҳиёни мисриро қибтӣ мегӯянд)-ро дошт. Тазоҳуркунандагон талош доштанд дар муқобили сохтмони теливизиони давлатӣ сафороӣ кунанд.

"РӮЗИ ХАШМ"

Қибтиҳо рӯзи якшанберо рӯзи хашм эълом карда буданд. Онҳо мегӯянд, ки ба тахриби калисое дар рустои Мориноб дар вилояти Асвони тавассути исломгароёон эътироз доранд. Онҳо хостори ташкили кумитаи ҳақиқатёб барои баррасии ҳодиса, дастгирии омилони тахриби калисо, барканории ҳокими вилояти Асвон, бозсозии калисо бо маблағи давлат ва тадвини қонуни ягона барои ибодатгоҳҳо ҳастанд.

Ҳокими вилояти Асвон мегӯяд, ки маҳалли тахрибшуда калисо нест, балки меҳмонсароест, ки ба таври ғайриқонунӣ ба калисо табдил шудааст.

Беш аз 24 куштаи даргириҳо дар Миср
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00
Линки мустақим

Бо ин ҳол, тазоҳуркунандагони қибтӣ кафанҳои худро дар даст гирифта буданд. Онҳо ҳамчунин либосҳои сафеде, ки номи бархе аз қурбониёни даргириҳои мазҳабӣ навишта шуда буд, пӯшида буданд ва алайҳи ҳокими вилояти Асвон шиор медоданд. Дар ин тазоҳурот акси ҳокими вилояти Асвон ба оташ кашида шуд.

АЙБИ ПУЛИС Ё ТАЗОҲУРКУНАНДАГОН?

Семуил Ашоӣ, рӯзноманигори қибтӣ, ки дар тазоҳуроти рӯзи якшанбе ширкат дошт, ба шабакаи Ал-Арабия гуфтаст, ки тазоҳурот ба шакли мусолиматомез дар ҳоли баргузорӣ буд, аммо ногаҳон нерӯҳои пулис ба тарафи тазоҳуркунандагон ҳамла карданд. Ӯ таъкид кард, ки нерӯҳои пулис талош карданд, бо мошинҳои низомӣ тазоҳуркунандагонро пароканда намоянд.

Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз як шоҳиди айнӣ гузориш дод, ки гуфтааст, шуморе аз авбошон бо партоби санг тазоҳуротро мавриди ҳамла қарор доданд. Тазоҳуркунандагон низ бо партоби санг ба онҳо посух гуфтаанд. Ҳамчунин шуморе аз тазоҳуркунандагони қибтӣ муваффақ шуданд теъдоде аз мошинҳои низомии артишро ба оташ бикашанд ва аслиҳаи мавҷуд дар онҳоро дар ихтиёр гиранд. Бомдоди якшанбе вазорати тандурустии Миср шумори қурбониёни даргириҳоро дастикам 22 нафар ва захмиҳоро аз 176 нафар эълом кард.

ШАДИДТАРИН ДАРГИРӢ... ПАС АЗ БАРКАНОРИИ МУБОРАК

Хушунатҳои якшанбе, шадидтарин даргириҳо аз замони сарнагунии низоми собиқи Миср дар моҳи феврал соли ҷорӣ аст. Дар моҳҳои пеш низ бархе манотиқи Миср шоҳиди хушунатҳои мазҳабӣ буд, аммо ҳеҷ кадом аз онҳо ба густурдагии хушунатҳои шоми якшанбе набуд. Қибтиҳо бо ҳамроҳии мусалмонон дар инқилоби Миср ширкат доштанд.

Густурда шудани даргириҳо ва идома он метавонад давраи ҳукумати интиқолии Мисрро тамдид кунад. Ҳамчунин метавонад боиси идомаи иҷрои қонуни вазъияти фавқулодда ва таъхири интихоботи парлумонӣ шавад.
XS
SM
MD
LG