Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯчаҳои тангу мушкилгузари Душанбе


Яке аз кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон

Яке аз кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон

Ҳаракати нақлиёт ва мардум дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон сол ба сол мушкилтар мешавад.

Ин шаҳр ҳамоно бар пояи тарҳи соли 1927-и ҳукумати Шӯравӣ зиндагӣ мекунад ва аксари кӯчаҳояш тангу барои ҳаракат мушкилофар мебошанд.

Тибқи омори расмӣ, дар ҳудуди пойтахт ҳудуди 45 ҳазор воситаи нақлиёт сабти ном шудаанд, аммо ҳамарӯза ҳазорҳо мошин аз навоҳии атроф ва вилоятҳо вориди Душанбе мешаванд ва ҳаракати нақлиёт дар шаҳрро ба мушкил рӯбарӯ мекунанд. Ва роҳбандон ба яке аз воқеиятҳои пойтахти Тоҷикистон табдил меёбад.

Теъдоди аҳолии шаҳр, ки дар соли 1929 ҳудуди 7 ҳазор рақам зада мешуд, ҳоло тақрибан ба 730 ҳазор нафар расидааст. Аммо ин ҳам омори расмист. Дар асл тибқи бархе тахминҳо, то 200 ҳазор нафари дигар ғайрирасмӣ дар Душанбе ба сар мебаранд ва илова бар ин, ҳазорҳо нафар аз дигар кунҷу канори Тоҷикистон ҳамарӯза ба пойтахт омада мераванд. Ин вазъ ҳаракати мардумро низ дар кӯчаҳо ба мушкил дучор кардааст.


ГУЗОРИШИ ТАСВИРИИ МОРО ДАР ИН ҶО БУБИНЕД


Сохтмони гузаргоҳҳои нави зеризаминӣ ҳанӯз идома дорад...

Сохтмони гузаргоҳҳои нави зеризаминӣ ҳанӯз идома дорад...

Шаҳрдорӣ барои коҳиш додани раҳбандон ва аз кӯчаҳо бардоштани қаторҳои мошинҳо то ба ҳол иқдоми ҷиддие накардааст. Аммо дар оянда эҷоди истгоҳҳои мошинҳо дар назди бозору марокизи серодамро дар назар дорад ва ҳам тибқи нақшаи кулли пойтахт кӯчаҳои шаҳр васеъ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин барои коҳиши монеаҳо дар кӯчаҳои шаҳр эҷоди зерзаминиҳо низ дар назар дошта шуда, канори роҳҳои ҷадид роҳҳои пиёдагард эҷод мешаванд. Дар ҳамин ҳол, иддае ҳам бар фарҳанги шаҳрдории мардум, аз ҷумла ронандагон ва пиёдагардҳо ишора мекунанд, ки қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро муроот намекунанд. Ҳатто аз зерзаминиҳое, ки барои ҳаракати беҳтари одамон эҷод шудаанд, дуруст истифода намешавад. Ба ин хотир, дар чорроҳаи "Олами китоб" ва маркази тиҷоратии "Садбарг" дар шафати зерзаминие, ки назди ҳайкали Садриддин Айнӣ вуҷуд дошт, зерзаминии нав сохта мешавад.

Бо ин вуҷуд, дар ҳоле ки Душанбе сол ба сол серодаму серҳаракат мешавад, тарҳҳои шаҳрдорӣ ба оҳистагӣ амалӣ мешаванд ва ин ҳол вазъро дар оянда норӯшан мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG