Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти мӯътаризони тунисии зидди филми "Персеполис"


Полиси Тунис даҳҳо нафар аз тазоҳуркунандагонро боздошт намуд, ки бо эътироз аз намоиши филми машҳури «Персеполис» ба идораи телевизион ҳамла карданд. Мудири ин шабакаи телевизионӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки наздик ба 300 нафар аз исломгароёни салафии Тунис рӯзи якшанбе бо ҳамла ба дафтари ин шабака қасди оташ задани онро доштанд. Филми «Персеполис» бар пояи романи нависандаи эрониасл Марҷон Сатрапӣ сохта шуда, ба рӯйдодҳои давраи инқилоби исломии Эрон бахшида шудааст. Норозиёни тунисӣ ба бахшҳое аз он, аз ҷумла намоиш ёфтани худо дар шакли муайяне ҳамчун куфр эътироз кардаанд.
XS
SM
MD
LG