Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туту ба озодии эронии насронишуда даъват кард


Исқуфи аршад, ҳомии ҳуқуқи башари Африқои Ҷанубӣ ва барандаи Ҷоизи сулҳи Нобел Дезмонд Туту аз мақомоти Эрон хост, роҳиберо, ки аз тарки насроният ва бозгашт ба ислом саркашӣ мекунад ва ба ҷазои қатл рӯбарӯст, озод намоянд. Туту дар изҳороташ мегӯяд, «иҷбори радди дин як нақзи кабираи арзишҳои ҷаҳонӣ ва рӯҳонӣ ва радди Худованд аст.» Юсуфи Нодирхонӣ, ки 13 сол пеш аз ислом рӯ тофта, ба насроният гаравидааст ва роҳиби як калисои кӯчак аст, дар моҳи октябри соли 2009 боздошт шуд. Бар пояи қонунҳои шариат ба ӯ барои тағйири дин ҳукми қатл таҳдид мекунад, вале дар сурати радди дини феълияш афв хоҳад шуд. Вакили ӯ ба хабаргузориҳо гуфтааст, мумкин аст, ҳукм дар рӯзҳои наздик ба иҷро расад.
XS
SM
MD
LG