Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон тарҳи роҳи Вахонро бо Кобул баррасӣ мекунад


Сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ рӯзи якшанбе гуфт, тарҳи роҳ миёни кишвараш ва Тоҷикистонро дар дидор бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар нишасти сарони Анҷумани ҳамкориҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дар моҳи оянда баррасӣ хоҳад кард. Вай гуфт, эҳдоси ин роҳ аз тариқи дараи Вахон ба рушди тиҷорат миёни се кишвари Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон мусоадат хоҳад кард. Гелонӣ таъкид кард, ки мавзӯи нишасти навбатии сарон дар созмони SAARC ба ҳамгироӣ ва рушди равобит марбут хоҳад буд. Афғонистону Покистон якҷо бо Ҳинд, Бангладеш, Бутан, Малдив, Непал ва Шри Лонко аъзои ин эътилоф мебошанд. Бунёди роҳи Вахон дар Покистон 2 миллиард рупияи покистонӣ маблағ мехоҳад, дар ҳоле ки роҳ ва нақб дар ҳудуди Тоҷикистон сохта шудаанд.
XS
SM
MD
LG