Пайвандҳои дастрасӣ

Футболи наврасон. Тоҷикистон -- Узбакистон 1:2


Пас аз шикаст бо ҳисоби 1:2 ба дастаи Узбакистон тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола берун афтод. Аз гурӯҳи «С» дар ин сабқат, аз миёни дастаҳои Узбакистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон Баҳрайн ва Қирғизистон маҳз дастаҳои Узбакистон ва Ҳиндустон бо бартарии комил ширкат дар ин сабқати қоравииро идома хоҳад дод. Дастаи Тоҷикистон, ки ба сурати умум бозии хуб нишон дода, бар Қирғизистон пирӯз шуд ва бо Баҳрайн баробарӣ кард, ду бозии охир бо дастаҳои Ҳиндустон ва Узбакистон аз даст дод ва аз мусобиқа хориҷ гашт.
XS
SM
MD
LG