Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаво дар Тоҷикистон абрӣ, аммо бебориш хоҳад буд


Осмон бар фарози Душанбе, пойтахти Тоҷикистон имрӯз пурабр хоҳад буд, аммо борише пешгӯӣ намешавад. Ҳавои кам ё беш абриро ҳамчунин дар Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ ва Исфара метавон интизор дошт. Ҳарорат дар Душанбе ва навоҳии марказӣ ва ҳамчунин аксари навоҳии вилояти Хатлон 16 дараҷаи селсияро ташкил хоҳад дод, аммо ҳавои Шаҳритӯс гармтар – 18 ва Масчоҳу Ашту Исфара сардтар – 12 ва Хоруғу Ишкошим 9 дараҷаи селия хоҳад буд. Дар Панҷ ва Фархор суръати шамол аз 8 то 11 километр дар соатро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG