Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни райдиҳӣ дар интихоботи Лаҳистон


Доналд Туск
Доналд Туск
Дар Лаҳистон ё Полша дар интихоботи сартосарии ин кишвар райдиҳӣ ба поёни худ наздик мешавад. Доналд Туск-нахуствазири Полша дар муборизаи интихотӣ бар зидди мухолифони муҳофизакор талош дорад бори дуввум дар мақоми нахуствазир боқӣ бимонад. Назархоҳиҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки Туск ва ҳизби рӯ ба Иттиҳодияи Аврупои вай дар миёни афроди қобили рай тақрибан 35 дарсад ҷонибдор дорад. Ҳизби вай аз ҷониби ҳизби “Қонун ва Адолат”-и Ярослав Качинский ба муқовимати шадид рӯ ба рӯ шудааст. Ярослав бародари Лех Качинский-раиси ҷумҳури собиқ аст, ки дар суқуқти ҳавопаймо ба ҳалокат расид. Бино ба назархоҳиҳо, ҳизби “Қонун ва Адолат” 29 дарсад ҷонибдор дорад.
XS
SM
MD
LG